МАРДИ ШУҶОИ ВАТАН. Мақомоти милитсияи Тоҷикистон бо генерал Саид Ҷурахонзода ифтихор менамояд
ДУШАНБЕ, 02.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯза, амалҳои террористию эктремистие, ки имрӯзҳо дар давлатҳои ҷаҳон рух медиҳанд, аз тамоми шаҳрвандон тақозо менамоянд, ки дар самти ҳимояи Ватан, истиқлоли давлатӣ ва рукнҳои муқаддаси он аз ҳарвақта дида зираку ҳушёр бошанд ва масъулияти бештар эҳсос намоянд. Барои истодагарӣ намудан ба хавфу хатарҳои афзоянда ва таъмини суботу амнияти Тоҷикистон нақши мақомоти ҳифзи тартиботу ҳуқуқ, бахусус кормандони ҷасуру диловари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон назаррас аст.
Дар зер очерки мухтасаре доир ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз кормандони пешқадами ин соҳа, раиси Шурои собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода, ки аз ҷониби мудири шуъбаи матбуоти дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов таълиф шудааст, пешниҳоди хонандагон мегардад.
— Ин генералро ман солҳои зиёд мешиносам. На танҳо ман, балки бисёриҳо дар кӯча бо ӯ рӯ ба рӯ омада, бо чеҳраи шукуфон саломаш медиҳанд. Ӯ мисли генерал Максимус (қаҳрамони асари Р. Скот «Гладиатор») ба иҷрои вазифаи касбияш бисёр ҷиддӣ муносибат менамояд, ба одамони нек хайрхоҳ аст ва дӯстонро бо баҳои ҷонаш мехарад.
Саид Ҷурахонзода ҳанӯз аз овони кӯдакӣ қобилияту истеъдоди ниҳоят баланд доштааст ва устодон дар таълиму тадриси ӯ то ҷое ҳатто оҷиз мемондаанд: руҳияи озодихоҳӣ, шавқу рағбати беандоза ба илму дониш ва ҳиссиёти инсонпарваронаи ин генерали мардумӣ аз овони наврасию ҷавониаш ба ҳама маълум будааст.
Ӯ марди оқилу хирадманд, бомаърифат ва адолатпеша аст ва чун чеҳраи барҷастаи намояндаи халқ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ном баровардааст. Дар симои ӯ ҳамчун корманди милитсия ахлоқу одоби баланд, маърифат, хизмати босазо ба халқ, озодии шахсият ва дӯстию бародарӣ тарғиб мешавад. Ҳамаи хизматҳо ва фаъолияти ӯ дар милитсия аҳамияти назарӣ ва амалӣ доранд.
Аз ҳама муҳимаш, генерал Саид Ҷурахонзода муҳтоҷи муаррифӣ ва ситоиш нест. Ӯ кайҳо бо донишу малака ва маҳорати касбӣ, бо хулқу атвори нек дар байни ҳамкоронаш обрӯю эътибори баланд пайдо намудааст. Ва ин ҳамаро бо меҳнати ҳалол ва чуноне ки мегӯянд, бо арақи ҷабин ёфтааст. Саид Ҷӯрахонзода аз корманди одии оперативӣ то ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик аз шуҷоату мардонагии ана ҳамин гуна афсарони шуҷои тоҷик, ба мисли Саид Ҷурахонзода ва садҳо нафар кормандони дигари содиқи мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа фидокорӣ ва ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуда, таъкид менамоянд, ки онҳо «дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар мамлакат ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшон ва зиндагии орому осудаи мардуми тоҷик талошҳои зиёд намудаанд».
Пӯшида нест, ки дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.
Генерал Саид Ҷурахонзода ҳангоми муовини Вазири корҳои дохилии мамлакат буданаш дар марҳалаҳои амалисозии ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ нақши муассир гузошта, дар қатори дигар пешоҳангони соҳа милитсияи тоҷикро ба мақомоти дорои нуфузу эътибори хосса ва мактаби бузурги ба камол расонидани муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ табдил додааст.
Имрӯз мақомоти милитсияи Тоҷикистон бо ин генерал ифтихор менамояд. Донишҷӯёни Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳаёт ва фаъолияти ин абармарди миллат сабақи зиндагӣ, садоқат ба Ватан ва муҳаббати зиндагӣ меомӯзанд.
Соли 2015 Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар ҳузури сардорони раёсат ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ собиқ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзодаро ба муносибати ба нафақа баромаданаш табрик намуда, аз хизматҳои шоистаи ӯ дар мақомоти корҳои дохилӣ ва саҳми арзандааш дар тарбияи кадрҳои ҷавон ёдовар шуд.
Вазири корҳои дохилӣ барои фаъолияти пурмаҳсул ва заҳматҳои шабонарӯзӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба Саид Ҷурахонзода изҳори миннатдорӣ намуда, чунин гуфт: «Мояи ифтихор аст, ки давоми солҳои зиёд ин марди наҷиб бо иродаи қавӣ дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ бе нуқсон, бо эҳсоси масъулияти баланди касбӣ, бо ҷасорат ва муҳаббату садоқат ба Ватан фаъолият намудааст. Боварӣ дорем, ки мавсуф минбаъд низ ҳамчун собиқадори ботаҷриба бо мақомоти милитсия дар иртиботу ҳамкорӣ баҳри тарбияву омодасозии кадрҳои ҷавон саҳми бевосита мегузорад».
Саид Ҷурахонзода изҳор намуд, ки ҳамеша омода аст ба халқу Ватан хизмат намояд.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба генерал-миайор Ҷӯрахонзода бовар намуда, ӯро ба вазифаи раиси Шурои собиқадорони вазорат таъйин намуданд. Ин хеле вазифаи пурмасъулият ва пуршараф аст, зеро ба ӯ зарур меояд, ки ба қавӣ гардонидани эътимоди шаҳрвандон ва густариши ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ мусоидат намуда, дар самти таъмини адолати иҷтимоӣ, тарбияи ҳуқуқиву ахлоқии ҷомеа ва ҳимояи сулҳу субот дар мамлакат саҳм гузорад ва даҳҳою садҳо нафар кадрҳои ҷавони милитсияро ба роҳи рост ва созандагӣ ҳидоят намояд.
Генерал Саид Ҷурахонзода дар барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат саҳми арзанда гузоштааст. Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои ин гуна фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Фаъолияти кории Саид Ҷурахонзода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.
«Ман Саид Ҷурахонзодаро хуб мешиносам, — мегӯяд генерал-майори милитсия, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон Анвар Ҳайдарзода. — Ӯро метавон дар қатори садҳо нафар кормандони ба касби хеш содиқ ном бурд, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми мамлакат ҷонашонро ҳеҷ гоҳ дареғ намедоранд».
Хеле хуш аст, ки имрӯз мо аз хизматҳои шоистаи шахсиятҳои арзанда ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар мешавем. Зеро онҳо солҳои дароз ба халқу Ватани хеш садоқатмандона хизмат намуда, дар ташаккул ва рушди ин сохтори муҳими давлатӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон ҳиссаи босазо гузоштаанд.
«Мо бояд ҳарчи бештар хизматҳои арзандаи генерал- майори милитсия Саид Ҷурахонзодаро барои тарбияи насли наврас дар руҳияи баланди милливу ватандорӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол истифода барем», — мегӯяд Анвар Ҳайдарзода.
Ба андешаи ӯ, мардум дар ҳақиқат ба фаъолияти кормандони Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯи масъулиятшиносӣ ва фаъолияти беолоиши кормандони алоҳидаи он дар роҳи таъмини адолати иҷтимоӣ ва муборизаи оштинопазир бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ баҳо медиҳанд.
«Ёд дорам, солҳои аввали ташаккулёбии милитсияи тоҷик кор хеле мушкилу мураккаб буд. Лавозимоти зарурии техникӣ намерасид. Кадрҳои баландихтисоси соҳа кам буданд. Мо ҳамроҳи генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода аз солҳои аввали барқарорсозии милитсияи тоҷик ҳамсафу ҳамрадиф ҳастем. Рӯзҳое буд, ки як бурда нони қоқро дар утоқи кориамон ба об тар карда, якҷоя мехӯрдем. Ин шахсият барои ман хеле азизу гиромӣ аст ва ман ҳамеша эҳтиромашро пос медорам», — гуфт дар фарҷоми суҳбат генерал-майори милитсия Анвар Ҳайдарзода.
Хурсандиовар аст, ки фарзандони генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода низ касби падарро интихоб намуда, ба халқу Ватан хизмат менамоянд. Эраҷ ва Оятулло Ҷурахонзодаҳо имрӯз дар сохтори Вазорати корҳои дохилии мамлакат кор карда, номбардори номи неки падарашон ҳастанд.
«Ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил гардидани Рӯзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, — мегӯяд Саид Ҷурахонзода, — далели таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин ниҳоди муҳими давлатӣ буда, ҳар яки мо, кормандони милитсияро водор месозад, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савгандамон масъулияти дучанд эҳсос намоем. Зеро мардум дар симои мо, кормандони милитсия намояндаи давлатро мебинад ва ба мо бо умеди ҳалли мушкилоташ муроҷиат менамояд».
Ба андешаи ӯ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, пеш аз ҳама, бояд дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида бошанд, сатҳи касбияшонро мунтазам такмил диҳанд. Хусусан дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир Ватани маҳбубу халқи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта тавонанд, яъне кафили зиндагии осудаву ороми мардум бошанд.
«Ватан — Модар барои мо, кормандони милитсия, — мегӯяд Саид Ҷурахонзода, — дар ҳамаи давру замонҳо муқаддастарин арзиш маҳсуб мешавад. Дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва содиқона нигоҳубин ва посбонӣ намудани ҳар ваҷаб марзи он дар асли хеш хизмат ба Ватан аст. Бинобар ин, аз афсарони баландрутбаи милитсия сар карда, то аскарони қаторӣ бояд ҳамеша зираку ҳушёр ва сипари боэътимоди давлату миллат бошанд. Дар сафҳои милитсияи имрӯза хизмат намудан барои ҳар ҷавон бояд мактаби воқеии ҳаёт бошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад».
Вазифаи асосии корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, — мегӯяд ӯ, — дар баробари назорат инчунин пешгирӣ намудани ҷиноят ва мусоидат намудан ба болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа мебошад.
Дар идомаи суҳбат Саид Ҷӯрахонзода чунин иброз дошт:
«Аз ҳама муҳимаш имрӯз сарварии милитсияро шахсе ба уҳда дорад, ки худаш дорои касбияти баланд мебошад. Ӯ ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан мебошад. Ӯ муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад».
Дар интиҳо дар симои генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар роҳи хизмати бошарафу пурмасъулият ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу менамоем.