Нақшаи даъвати баҳорӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар рӯзи аввал пурра иҷро шуд

Апрель 1, 2024 17:04

ДУШАНБЕ, 01.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба муносибати гусели нахустин гурӯҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо иштироки масъулини мақомоти давлатӣ, фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Зимни суханронии масъулини комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш таъкид гардид, ки маҳз тавассути хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ҷавонон  обутоб ёфта, ҳамчун мардони шуҷои Ватан ба камол мерасанд. Дар баробари ин онҳо донишу малакаи сиёсиашонро баланд бардошта, ҳифзи марзу бум ва ҳар қитъа замини Тоҷикистонро барои худ шараф ва ифтихор медонанд.

Дар ин рӯзи фараҳбахш ҷавонони ноҳияи Вахш ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия омада, иброз намуданд, ки мехоҳанд қарзи шаҳрвандиашонро дар назди давлату миллати тоҷик иҷро намоянд. Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар  қисмҳои ҳарбӣ бамаротиб беҳтар гардидааст. Ҳоло ҷавонон бо илҳоми қавӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, сарбаландона ба назди волидонашон  бармегарданд, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар падару модар мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш ҳамчунин дигар иштирокдорон, аз ҷумла даъватшавандагон ва волидони онҳо дар мавзуи хизмат ба Ватан-Модар изҳори андеша намуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқатмандӣ ба давлату миллат ҳидоят намуданд.

Ба ҷавононе, ки даврҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим шуд. Ҷавонони боазму иродаи ноҳияи Вахш чун дигар ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ифтихору сарфарозии зиёд ба хизмати Ватан-Модар омода буданашонро баён намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Апрель 1, 2024 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд