Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид

Апрель 20, 2024 10:04

ДУШАНБЕ, 20.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Озмоишгоҳи бактериологии Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» дар арзёбии берунаи сифат барои гузаронидани санҷиши ҳассосияти зиддимикробӣ, ки аз ҷониби Шабакаи назорати эпидемиологии муқовимати зиддимикробӣ дар Осиёи Миёна ва Аврупо (CAESAR) дар ҳамкорӣ бо Хадамоти миллии арзёбии сифат дар Британияи Кабир ба воситаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2023 гузаронида шуд, иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва Сертификат дар гузаронидани ташхисҳо вобаста ба ҳаммонандкунии микроорганизмҳо ва ҳассосият ба антибиотикҳо шуд. Дар ин хусус директори озмоишгоҳ Баҳодур Холназар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бояд гуфт, ки вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.

Дар озмоишгоҳ тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»

Апрель 20, 2024 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст