«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ доир гардид

Апрель 6, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши шаҳрии гирандагони стипендияи президентӣ, квотаҳои президентӣ ва ихтирокорону эҷодкорони ҷавон таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар  ҳамоиш ба гирандагони стипендияи президентӣ дар соли хониши 2023-2024 шаҳодатнома ва маблағҳои пулӣ супорида шуд.

Ҳамчунин гирандагони стипендияи Президентӣ бо намояндагӣ аз чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе сухан гуфта,  сипосу миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгириву тавваҷҷуҳи ҳамешагӣ иброз намуданд.

Таъкид гардид, ки дар пойтахт қисми зиёди ҷавонон ба кору фаъолият ва таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар робита ба ин, нерӯи асосии ҷавонони соҳибкасб ва соҳибмаълумот маҳз дар пойтахт ба ҳам омадааст.

Бо пайравӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, имрӯз насли наврасу ҷавон, ба имконотҳои бузурги моддиву маънавӣ дар пойтахти мамлакат шарафёб гардидаанд.

Ҷавонон ба ҳайси нерӯи созанда ва пуриқтидори ҷомеа, дар меҳвари асосии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, метавонад барои пиёда намудани нақшаҳои муҳими давлату Ҳукумат, аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазои худро гузоранд.

Муҳимтар аз ҳама, имрӯз ҷавонони давлати соҳибистиқлоламон, аз ҷумла ҷавонони пойтахт, ҳамчун ворисони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи нақшаву барномаҳои созанда ва пешрафту шукуфоии ояндаи Ватан саъю талоши бесобиқа доранд.

Иброз шуд, ки бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва баланд бардоштани мароми донишандӯзии онҳо “Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуда, давоми 6 соли охир дар умум 1160 нафар ба маблағи беш аз 3 миллион сомони қадаршиносӣ гардида, имкон фароҳам шуд, ки наврасону ҷавонон дар олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи ҷумҳуриявиюу байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

Инчунин стипедияи Раиси шаҳри Душанбе нахустин маротиба  дар соли 2023 дар алоҳидагӣ барои донишҷӯён ва олимони ҷавон, инчунин ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дода шуда, ҷамъбасти он ҳамасола дар арафаи «Рӯзи пойтахт» доир мегардад.

Дар фарҷом барономаи фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳангу санъат пешниҳоди ҳозирин  гардонида шуд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Апрель 6, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд