«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши шаҳрии гирандагони стипендияи президентӣ, квотаҳои президентӣ ва ихтирокорону эҷодкорони ҷавон таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҳамоиш ба гирандагони стипендияи президентӣ дар соли хониши 2023-2024 шаҳодатнома ва маблағҳои пулӣ супорида шуд.
Ҳамчунин гирандагони стипендияи Президентӣ бо намояндагӣ аз чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе сухан гуфта, сипосу миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгириву тавваҷҷуҳи ҳамешагӣ иброз намуданд.
Таъкид гардид, ки дар пойтахт қисми зиёди ҷавонон ба кору фаъолият ва таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар робита ба ин, нерӯи асосии ҷавонони соҳибкасб ва соҳибмаълумот маҳз дар пойтахт ба ҳам омадааст.
Бо пайравӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, имрӯз насли наврасу ҷавон, ба имконотҳои бузурги моддиву маънавӣ дар пойтахти мамлакат шарафёб гардидаанд.
Ҷавонон ба ҳайси нерӯи созанда ва пуриқтидори ҷомеа, дар меҳвари асосии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, метавонад барои пиёда намудани нақшаҳои муҳими давлату Ҳукумат, аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазои худро гузоранд.
Муҳимтар аз ҳама, имрӯз ҷавонони давлати соҳибистиқлоламон, аз ҷумла ҷавонони пойтахт, ҳамчун ворисони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи нақшаву барномаҳои созанда ва пешрафту шукуфоии ояндаи Ватан саъю талоши бесобиқа доранд.
Иброз шуд, ки бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва баланд бардоштани мароми донишандӯзии онҳо “Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуда, давоми 6 соли охир дар умум 1160 нафар ба маблағи беш аз 3 миллион сомони қадаршиносӣ гардида, имкон фароҳам шуд, ки наврасону ҷавонон дар олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи ҷумҳуриявиюу байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Инчунин стипедияи Раиси шаҳри Душанбе нахустин маротиба дар соли 2023 дар алоҳидагӣ барои донишҷӯён ва олимони ҷавон, инчунин ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дода шуда, ҷамъбасти он ҳамасола дар арафаи «Рӯзи пойтахт» доир мегардад.
Дар фарҷом барономаи фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳангу санъат пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд






