Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфта, масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро муҳокима намуданд.
Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» (WeBuild) Пиетро Салини пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки «анҷом додани мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболашон дар Италия бароям мояи хушнудӣ буд. Барномаи сафар хеле пурмуҳтаво буд, зимни он бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқоту музокироти босамар анҷом дода шуд».
Ба гуфти ӯ, дар мулоқот оид ба ҷузъиёти зиёди пешбурди лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», дурнамо, аҳамият ва зарурати ба анҷомрасонии он сухан гуфта шуд.
Инчунин Пиетро Салини тазаккур дод, ки дар Италия ширкатҳои сершуморе ҳастанд, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон биёянд ва ҳавасманд ҳастанд, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ҳамкорӣ намоянд. Ин хеле муҳим аст, зеро мардум бояд дар бораи Тоҷикистон маълумоти бештар дошта бошад.
«Тавре ба Ҷаноби Президент иброз намудам, италиявиҳо бояд бо Тоҷикистон шинос бошанд ва онро дӯст доранд. Ин орзуи неки ман ба саноатчиёни Италия аст, ки ба Тоҷикистон раванд ва чӣ гуна мамлакати дилпазиру афсонавӣ будани онро барои худ кашф намоянд», — гуфт дар охир Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» (WeBuild).
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






