Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ «Нур-пак»-ро ба кор дароварданд

Апрель 10, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нур-пак»-ро ба кор дароварданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бо саҳми бародарони соҳибкор аз оилаи Мусоевҳо бунёд гардидааст.

Дар корхона 2 хати муосири технологӣ, ки аз кишварҳои пешрафта ворид гардидааст, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб шуда, 10 намуд халтаи полипропилении гуногунҳаҷм бо ғунҷоиши аз 5 то 70 килограм истеҳсол карда мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолии корхона ивазкунандаи воридот буда, дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ мондани он нисбат ба воридот аз хориҷи мамлакат 20 маротиба бартарӣ дорад. Ҳоло шумораи кормандон 30 нафарро дар бар гирифта, соҳибкор уҳдадор шуд, ки то ҷашни байналмилалии Наврӯз ин шумораро ба 100 нафар мерасонад, ки 80 фисади онҳоро занону бонувон ташкил менамоянд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол аз 4 то 6 миллион дона халтаҳои полипропилении гуногунҳаҷм мебошад.

Тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар баробари пешниҳод ба бозорҳои дохилӣ ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешавад.

Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2 ҳазору 500 метри мураббаъ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Халтаҳои полипропилении истеҳсоли ин корхона сифати баланд дошта, барои захираи ғалладона, картошка, пиёз ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳадаф аз таъсиси корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ тақвияти иқтидори саноатии вилояти Суғд ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ мегардад.

Корхонаи мазкур дорои ошхона барои 30 нафар, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва дигар шароити мусоид муҷаҳҳаз мебошанд.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолии ин ва дигар корхонаҳои саноатии шаҳри Истаравшан муаррифӣ карда шуд.

Тибқи иттилои масъулон, айни замон дар шаҳри Истаравшан 95 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо солона беш аз як миллиард сомонӣ маҳсулоти гуногуни рақобатпазири бозори ҷаҳонӣ истеҳсол мешавад.

Шумораи сокинони бокортаъмингардида дар корхонаҳои саноатии шаҳр беш аз 1 ҳазору 800 нафарро ташкил менамоянд.

Қисми зиёди маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳр ба хориҷ аз мамлакат содирот мегардад

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти истеҳсолии корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нур – пак» баҳои баланд доданд. Ҳамчунин ба соҳибкорону кормандон ҷиҳати афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Нур-пак” дар шаҳри Истаравшан 10.04.2024

Апрель 10, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
Дар шаҳри Ҳисор минтақаи саноатӣ таъсис дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Ҳисор ҳашт корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфтааст