Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Апрель 12, 2024 18:20

ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони ду давлат вазъи вобаста ба обхезии баҳориро дар як қатор минтақаҳои Қазоқистон баррасӣ намуданд.

Сарвари давлати мо дастгирии ҷониби моро аз мардуми бародари Қазоқистон дар робита ба обхезиҳои  калонмиқёс дар он кишвар изҳор намуданд.

Пешвои миллат зимни ёдоварӣ аз тадбирҳои зарурии муассир ва саривақтии Ҳукумати Қазоқистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва коҳиши оқибатҳои офати табиӣ, изҳори бовар намуданд, ки пайомадҳои он дар фурсати кӯтоҳ рафъ хоҳанд шуд.

Дар ин робита Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки аллакай Ҳукумати кишварро доир ба фавран омода кардани ёрии башардӯстонаи иборат аз хӯрокворӣ ва маводи зарурати аввалия барои фиристодан ба минтақаҳои осебдидаи Қазоқистон вазифадор намуданд.

Сарони давлатҳо дар идомаи суҳбат масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, азми тарафҳоро барои идомаи ҳамкории зичи ду кишвар дар қолабҳои гуногун таъкид намуданд.

Дар рафти суҳбат ҳамзамон оид ба барномаи мулоқотҳои наздик дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба табодули афкор сурат гирифт.

Апрель 12, 2024 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд