Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки мулоқоти имрӯза идомаи муколамаи созанда байни Тоҷикистон ва Туркманистон маҳсуб мешавад.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ бо давлати бародари Туркманистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Дар мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми шоистаи Пешвои миллии мардуми туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, ба талошҳои доимии ӯ дар таъмини рушди устувор ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон баҳои баланд доданд.


Ҷонибҳо нақши муассири парлумонҳои ду давлатро дар таъмини инкишофи муносибатҳои иҷтимоиву сиёсӣ таъкид карда, изҳори боварӣ намуданд, ки робитаҳои судманди байнипарлумонӣ ба равобити байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркманистон мазмуну муҳтавои тоза зам менамоянд.
Зимни мулоқот масъалаҳои равобит дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои нафту газ, кимиё, металлургия, нақлиёту коммуникатсия ва аграрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар густаришу тақвияти минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеаи муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ ва тандурустӣ иброз доштанд.
Ҳамчунин мусоҳибон доир ба маҷмуи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мушкилоти Афғонистон ва роҳандозии талошҳои муштарак дар самти мубориза бар муқобили таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ ибрози андеша намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд






