Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст

Апрель 17, 2024 11:16

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ вобаста ба таҳияи лоиҳаи либосҳои миллӣ-тавсиявӣ бо назардошти арзишҳои миллӣ бо иштироки тарроҳони шинохтаи мамлакат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад. 

Тавре қаблан иттилоъ додем, доир ба ин мавзуъ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор намуд.

Бо мақсади риояи тарзи либоспӯшӣ ва ташвиқи либосҳои миллӣ Вазорати фарҳанг  «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ро   нашр  ва  ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод намудааст. Вазорати фарҳанг ва сохторҳои он дар маҳал якҷо бо  кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо,  шаҳру  ноҳияҳо ба амалӣ шудани ин  дастурамал мусоидат менамоянд.

Дар муқаддимаи  ин дастурамал чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шарофати таҳкими Истиқлолият ва сулҳу субот тамоми рукнҳои давлатдории худро эҳё карда, бо фарҳанги волояш дар олам машҳур гаштааст. Либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ дошт ва он ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, риоя кардану аз бар намудани либосҳои миллӣ бояд барои ҳар соҳибватан шараф бошад. Инчунин донистани тарзи либоспӯшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонида, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии халқро ифода ва муаррифӣ менамояд. Ҳар шаҳрванди  мамлакат  бояд  ба  маданияти   либоспӯшӣ  диққати аввалиндараҷа диҳад; бо кадом либос ҳузур  доштани худро дар хона, ҳавлӣ, атроф, ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаву муассисаҳо, чорабиниҳои гуногун донад ва хешро бо тарзи дурусти либоспӯшӣ муаррифӣ намояд».

Ҳамзамон дар бахши ёздаҳуми ин Дастурамали тавсиявӣ навишта шудааст, ки «барои духтарон ва занон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафису  тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастагии бадан намоён мешаванд, либосҳое, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия дода намешавад».

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоати мамлакат бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид намуда буданд, «як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд».

Бояд гуфт, ки  дастурамал  аз  11 бахш ва 6 фасл иборат буда,  дар он  аксҳои  либосҳои миллии  вобаста ба фаслҳои сол ва табиату иқлим дӯхташуда дарҷ гардидаанд. Ин либосҳо ба навъҳои зимистона, баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ  гурӯҳбандӣ шудаанд.   Дар  ин либосҳои миллӣ суннатҳои мардумӣ риоя шуда, тарроҳон ба тарзи дӯхт ва шакли онҳо тибқи замони муосир иловаҳо ҳамроҳ кардаанд, ки сифати онро боз ҳам беҳтар гардонидааст. Либосҳо ба навъҳо тақсим шуда, ба либосҳои расмӣ, ҷашнӣ (идона), фароғатӣ, истироҳатӣ, соҳавӣ (униформа), театрӣ, ҳаррӯза, хонагӣ, истеҳсолӣ, мавсимӣ ва маросимӣ ҷудо мешаванд.

Дастурамал хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади  ба танзим даровардани тарзи либосӯшии миллӣ  пешниҳод гардидааст. Итминон дорем, ки он пеши роҳи  хурофоту бегонапарастиро гирифта, воситаи муҳими тарғиби либосҳои муосири миллӣ ва муаррифи миллату  мамлакат мегардад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон  аз мақомоти маҳаллӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷомеаи шаҳрвандӣ,  роҳбарони бахши фарҳанг дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла боғҳои фарҳангию фароғатӣ  хоҳиш менамояд, ки ба тарғиби дастурамал ва замимаҳои он, ки бо аксҳо нишон дода шудаанд,  мусоидат намуда, дар тарғиби яке аз рукнҳои миллӣ саҳми шоиста гузоранд.

Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки дар бештари соҳаҳо ва бахшҳои мухталиф, идораву муассиса, корхонаву коргоҳҳо вобаста ба шароити кор либосҳои махсус (униформа)  тавсия шудааст.  Ба бар кардани либосҳои махсус ҳатмӣ буда,  он ба ҳифзи либосҳо ва аз ҳар гуна ифлосӣ муҳофизат кардани либоси кормандон нигаронида шудааст. Ҳар корхонаву коргоҳ ва муассисаву  ташкилот намуди либоси махсуси худро дорад, ки бар намудани онҳо барои занону духтарон  мувофиқи мақсад мебошад. Алҳол дар марказҳои савдою хизматрасонии   пойтахт – шаҳри Душанбе аллакай  ин дастурамал риоя мегардад. Ронандагони нақлиёти мусофиркашон, савдогарон ва дигар намояндагони соҳаҳои мухталифи пойтахт   либоси махсус ба бар мекунанд. Ҳамчунин  омӯзгорону табибон тибқи тавсияҳои ин дастурамал амал намуда,  либоси кории худро интихоб намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки  25 март дар маҷмааи Майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзӣ- «Корвони шодӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пӯшидани либоси бегона чунин таъкид намуда буданд: «Забону фарҳанг ва анъанаҳои миллии худро дӯст дорем. Сару либосҳои миллиамонро дӯст дорем. Дӯстони азиз, модарону  хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон мардуми зебо ҳастем, либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд. Бас кунед бегонапарастиро!».

 Дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат бояд тамоми  вазорату идораҳо, сохторҳои қудратӣ дастҷамъона бар зидди  пӯшидани либосҳои ба фарҳанги мо бегона мубориза бурда, дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр ва берун аз он байни сокинон суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ боз ҳам бештар баргузор карда шаванд.

Итминон дорем, ки  ин иқдомро ҳар шаҳрванди бонангу ори мамлакат дастгирӣ намуда,  ба рушди  маданияти либоспӯшӣ, ки  ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад, мусоидат менамояд.

 София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Апрель 17, 2024 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид