Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад

Апрель 23, 2024 18:40

ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Имрӯз роҳбарияти шаҳри Ҳисор бо қитъаҳои таъмирталаби роҳи Ҳисор-Айнӣ-Душанбе шинос шуда, барои дар рӯзҳои наздиктарин таъмир намудани он ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз изофанависӣ таъкид гардид, ки ҳаҷми кор ва маблағи дигар хароҷотро мутахассисон қаблан таҳлил ва ҳисоб намуда, барои тасдиқ ба роҳбарияти шаҳр пешниҳод намоянд.

Инчунин роҳбарияти шаҳр дар Ҷамоати деҳоти «Сомон» бо корҳои ободонӣ дар ипподроми шаҳрӣ ва вазъи тозагии шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Турсунзода шинос гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 23, 2024 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад