Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти ҶДММ «Муосир-пласт» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муосир-пласт» оғоз бахшиданд.
Иншооти соҳаи саноат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бунёд гардида, иқтидор дорад, ки дар як сол аз 20 то 60 миллион дона маҳсулот истеҳсол намояд.
Дар навбати аввал бо истифода аз 3 хати технологӣ ва 50 намуди қолаб зарфҳои яккаратаи пластикӣ барои шириниҳо, нӯшокиҳо, тармеваю хушкмева, маҳсулоти ширӣ ва хӯрокворӣ омода гардида, қариб 50 нафар баъд аз омӯзиши нозукиҳои таҷҳизоти замонавӣ соҳиби кори доимӣ шуданд.
Ин аввалин корхона дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти худро пурра ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона намудааст.
Қаблан ин намуди маҳсулот ба ҷумҳурӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд. Аз рӯи маълумот, дар як сол тақрибан ба маблағи 175 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти тайёрӣ пластикӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешавад. Ба роҳ мондани истеҳсоли чунин намуди маҳсулот ба коҳиши сатҳи вобастагии бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ мусоидат намуда, даромаднокӣ ва сатҳи зиндагии мардум ба ин восита боз ҳам беҳтар мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконияти корхона иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти рушди соҳаи саноат намунавӣ арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки дар доираи “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бояд шумораи чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар мамлакат зиёд карда шавад ва ин роҳи муҳими афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини сокинон бо ҷойи кор мебошад.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолгардидаи корхонаи навтаъсиси “Муосир пласт” ва дигар корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ гардид.
Муассисони корхона дар оянда боз нақша доранд, ки бо афзоиш ёфтани талабот ба ин намуди маҳсулот қолабҳои нав ворид намуда, ба ин восита номгӯи маҳсулот ва теъдоди ҷойҳои кориро зиёд намоянд.
Дар доираи эълони солҳои 2022 -2026- Солҳои рушди саноат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 78 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 538 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шудааст, ки имрӯз фаъолияти назарраси истеҳсолӣ доранд.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд






