Сатҳи оби обанбори «Норак» беш аз 5 метр паст шудааст

Апрель 3, 2024 17:01

ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамин шабу рӯз сатҳи оби обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон 5,7 метр паст фаромадааст. Дар ин хусус сармуҳандиси Неругоҳи барқи обии «Норак» Маҳмадамин Маҳмадсаидзода ба гурӯҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки имрӯз бо ташаббуси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба обанбори «Норак» сафар намуданд, иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки оби обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» ба ҳолати соати 24:00-и 2 апрели соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 5 метру 7 см кам аст. Мувофиқи меъёр, сатҳи оби обанбори Норак бояд дар сатҳи 910 метр бошад. Воридоти об ба обанбор дар шабонарӯз 295 метри кубӣ дар як сония аст, ки нисбат ба соли гузашта 151 метри кубӣ дар як сония кам аст. Дар семоҳаи аввали соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 424 миллион метри кубӣ об кам ба обанбори «Норак» ворид гардидааст. Шабонарӯзи гузашта аз захираи оби обанбори «Норак» 12 см об сарф шудааст.

Омили асосии паст фаромадани сатҳи оби обанбори «Норак»-ро сармуҳандиси неругоҳ ба камбориш омадани зимистони имсола, сардии ҳаво дар баландкӯҳҳо, бахусус дар фасли баҳор ва камии об дар дарёи Вахш рабт дод.

Гуфта шуд, ки чунин ҳолат, яъне камобӣ дар обанбори «Норак» 12 сол қабл низ мушоҳида гардида буд. Солҳои 2008-2009 ҳатто дар фасли тобистон обанбори «Норак» бо об пурра таъмин нагардида буд. Ва аз панҷуми сентябри ҳамон сол дар ҷумҳурӣ махдудияти неруи барқ ҷорӣ гардид, зеро ҳам сатҳи оби обанбор ва ҳам воридоти об кам буд.

Таъкид шуд, ки захираи об дар обанбор дар сатҳи 900-910 метр фишори обро афзоиш дода, истеҳсоли барқро зиёд менамояд.

Сармуҳандиси Неругоҳи барқи обии «Норак» афзуд, ки вақте, ки ки фишори об кам шуд, самаранокии обанбор ҳам кам мешавад. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар панҷ рӯзи охир воридшавии об ба обанбор зиёд нест ва он шабонарӯзи гузашта 295 метри кубӣ дар як сонияро ташкил дод.

Ба андешаи сармуҳандиси неругоҳи «Норак» Маҳмадамин Маҳмадсаидзода, зиёдшавии воридоти оби обанбор ба баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва об шудани пиряхҳо сахт иртибот дорад, зеро вақте, ки ҳаво гарм шуд, пиряхҳо ҳам об шуда, ҷараёни воридшавии об аз дарёи Вахш ба обанбори «Норак» зиёд мегардад. Иморӯзҳо бо сабабе, ки воридоти об дар обанбор кам аст, неругоҳ наметавонад неруи барқи зарурӣ истеҳсол намояд. Дар асл, афзуд Маҳмадамин Маҳмадсаидзода, дар неругоҳ ягон мушкилӣ нест, ғайр аз як гидроагрегат дигар ҳамаи гидроагрегатҳои «Норак» дар ҳолати корӣ буда, омодаанд, ки дар ҳолати ворид гаридани об неруи барқи заруриро истеҳсол ва ба мардум пешниҳод намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки шабонарӯзи гузашта бо оби воридшуда ва захираи об дар неругоҳ 15 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид.


Неругоҳи барқи обии «Норак» дар дарёи Вахш бунёд гардидааст. Сохтмони он соли 1961 оғоз шуда, гидроагрегати нахустинаш соли 1972 ва охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шуд. Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт — ро ташкил медиҳад. Соли 1988 ҳамаи нуҳ агрегати неругоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии неругоҳ ба 3000 МВт расонида шуд.

Маҳз неругоҳи «Норак» собит намуд, ки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар як сол 527 миллиард кВт-соатро ташкил медиҳанд, барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат судманд мебошад. Дар заминаи неруи барқе, ки дар ин неругоҳ ва дигар неругоҳҳои дар дарёи Вахш сохташуда истеҳсол мегардад, аз солҳои 70-уми асри гузашта дар мамлакат даҳҳо корхонаҳои бузурги саноатӣ, хусусан дар ҷануби Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуда, шаҳрҳои саноатӣ таъсис дода шуданд.


Баландии сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак» 300 метрро ташкил дода, то соли 2013 баландтарин сарбанд дар ҷаҳон маҳсуб мешуд. Масоҳати обанбори «Норак» 98 км², дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км, чуқурии миёна — 107 метр, фарохӣ — 5 км, ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10,5 км3, ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4,5 км3, баландии призмаи истифодашаванда – 53 метр, сатҳи максималии об – 910 метр, сатҳи минималии об — 857 метрро ташкил медиҳад.

Моҳи марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» оғози расмӣ бахшиданд.

Умед аст, ки баъди татбиқи ин лоиҳа ва пурра таҷдид гардидани ин иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегии Тоҷикистон иқтидори лоиҳавии он аз 3000 ба 3300 МВт афзун мегардад.

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Норак-Душанбе

Апрель 3, 2024 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд
Вазири энергетика ва захираҳои об: «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар соли равон афзудааст»
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе даъват гардиданд
«ПОМИРИНВЕСТ – 2024». Дар давоми ду соли баргузории ин Форуми байналмилалӣ ба иқтисоди ВМКБ беш аз 2 миллиард сомонӣ сармоя ворид гардид
Имрӯз дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помиринвест -2024» оғоз гардид
Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматнок баррасӣ шуд
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
Дар Душанбе мулоқоти намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон бо соҳибкорони тоҷик баргузор гардид
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар соҳаи энергетика 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ мешавад
То охири соли равон 900 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор мегардад
Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон беш аз 131 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудааст