Сироҷиддин Муҳриддин ва Мурат Нуртлеу раванди омодагӣ ба саммитҳои сатҳи баландро баррасӣ намуданд

Апрель 14, 2024 09:40

ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минск Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу мулоқот намуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамсуҳбатон масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, атрофи мавзуъҳои тамосҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин раванди омодагирӣ ба саммитҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки баргузории он соли 2024 дар Қазоқистон пешбинӣ шудааст, баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 14, 2024 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд