ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 20, 2024 08:00

20 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ конференсияи илмӣ доир шуд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2012 дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

***

20 апрели соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди хати барқии 500- киловолтаи Душанбе- ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар  Қасри миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Ширкати байналмилалии «Гленкор»-и Швейтсария (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2016  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шарафи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати расмии Ҳиндустон баргузор гардид.

***

20 апрели соли 2019  дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри   Душанбе Амфитеатр ба истифода дода шуд.

***

20 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба қонунҳо «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Дар бораи ниҳолпарварӣ», кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.

***

20 апрели соли 2022 дар Душанбе лоиҳаи Созишнома байни Тоҷикистон ва Корея оид ба ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

***

20 апрели соли 2023 дар Тошканд дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид.

20 АПРЕЛ: 

Дар Тоҷикистон -Рӯзи кормандони мақомоти адлия

*** 

Дар Русия- рӯзи миллии донорҳо.

***

Рӯзи забони чинӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Мастон Шералӣ— соли  1935 — шоир, драматург ва тарҷумони тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

***

Абдусалом Атобоев -соли 1934 — нависандаи тоҷик, драматург, мутарҷим, журналист, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Апрель 20, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст