ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, сешанбе, 100-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 9, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2001 нишасти аввалини Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар тамоми самтҳо баррасӣ гардиданд.

***

9 апрели соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени олимпии Шурои Осиё сарфароз гардиданд.

***

9 апрели соли 2010 дар  Москва  нахустин маротиба   дар таърихи Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил  маросими  супоридани  ҷоизаи   байнидавлатии  «Ситораҳои  Иттиҳод»  баргузор  гардид, ки  дар он олими  маъруфи  ситорашиноси  Тоҷикистон  Пӯлод  Бобоҷонов  низ   дар  бахши  «Илм ва  маориф»  ба  ин  ҷоиза сазовор  дониста шуд.

***

9 апрели соли 2011 дар Тоҷикистон сохтори нави СММ- UN WOMEN ( занҳо)  рӯнамоӣ  шуд.

***

9 апрели соли 2012 зимни баргузории  Бозиҳои интихобии Осиё барои дарёфти роҳхат ба бозиҳои олимпии Лондон-2012 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон  чемпиони  Тоҷикистон дар соли 2012 дар риштаи бокс Собирҷон Назаров бар ҳарифонаш ғолиб омада, дар вазни 57 кг сазовори роҳхати олимпии Лондон-2012 гардид.

***

9 апрели соли 2013 сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия  оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюссел Президенти Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия Дирк Ламбрехтсро ба ҳузур пазируфтанд.

***

9 апрели  соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо котиби генералии НАТО Андерсон  Фог Расмуссен мулоқот намуданд.  

 ***

Дар ин рӯзи  соли 2020  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

9 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд мулоқоти самимиву созанда анҷом доданд.

9 АПРЕЛ:

Рӯзи осорхонаҳо дар Нидерланд.

***

Рӯзи забони финӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Рафиқа Мусоева -соли 1953- ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ

Апрель 9, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд