«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад

Апрель 24, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 май дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Туркманистон, Узбекистон, Эрон, Чин, Покистон ва  Туркия маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии ширкатҳои беҳтарини ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи ҷумҳурӣ маъруф мебошанд, муаррифӣ мешаванд.

Намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.

Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо намоянд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.

Меҳмонон метавонанд ба маҳсулоти инноватсионӣ, маҳсулоти нави ширкатҳо баҳо гузошта, бо сифати маҳсулоти пешниҳодшудаи ширкатҳо шинос шаванд, мустақиман бо истеҳсолкунандагон тамос гиранд ва молҳоро бо нархи дастрас харидорӣ кунанд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 24, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд