Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева бо муовини Директори иҷроияи Маркази байналмилалии савдо (МБС) Дороти Тембо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро вобаста ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо дар самтҳои рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсия, аз ҷумла дар доираи Барномаи миёнамуҳлат оид ба рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи рушд оид ба савдои электронӣ барои солҳои 2023-2027 мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






