Туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ расонида шуданд

Апрель 9, 2024 07:46

ДУШАНБЕ, 09.04.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо,   мактаб-интернатҳо  барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, хонаҳои кӯдакони синни томактабӣ, парваришгоҳҳои наздимактабӣ, мактаб-интернатҳои бачагони лаёқатманд, интернатҳои наздимактабӣ ва хонаҳои бачагон расонида шуд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳо расонида мешаванд.

Ин навбат туҳфаҳои Сарвари раъиятпарвару инсондӯсти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб — интернатҳои ҷумҳурӣ тақдим гардиданд.

Туҳфаҳои идона аз сару либос иборат буда, онро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ятимону дигар қишри ниёзманди ҷомеа дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат расониданд.

Ҳамчунин барои тарбиятгирандон дастархони идона бо таомҳои лазиз ва шириниҳо ороста шуд.

Дар маҷмуъ 1565 нафар, аз ҷумла 1127 писар ва 438 духтар —  кӯдакону наврасони бо амри тақдир аз навозиши падару модар маҳрумшуда, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ва бачагони лаёқатманд, ки зери ғамхории ҳамешагии Пешвои раъиятпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, аз ҳадяҳои арзишманд баҳравар шуданд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тарбияи насли наврас ва ниёзмандонро дар мадди назар қарор дода, онҳоро то ба ҳаёти мустақил гусел намудан нигоҳубин менамояд. Инчунин барои зисту таҳсил ва илму касбомӯзии онҳо тамоми шароити мусоидро фароҳам меорад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 9, 2024 07:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид