ВАТАН ИМРӮЗИ МО, ОЯНДАИ МО. Ҷавонони шаҳри Панҷакент ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд
ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Майдони Парчами давлатии шаҳри Панҷакент гусели нахустин гурӯҳи даъватшавандагон ба хизмати Ватан- Модар баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Беш аз дусад даъватшаванда, ки бо амри дил хизмати Ватанро ихтиёр намуда, дар мактаби Ташкилоти мададгори мудофиа касб омӯхтаанд, бо Парчам ва шиорҳои ватандӯстона зери садои мусиқӣ ба майдон ворид шуда, саф оростанд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҷавононро бо оғози маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ табрик гуфт. Таъкид шуд, ки солҳои охир садҳо нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент ба таври ихтиёрӣ, бо амри дил ва ифтихори баланди ватандӯстӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳр муроҷиат намуда, омодагиашонро ба хизмати Ватан изҳор медоранд ва даъватшавандагони имрӯза аз ҷумлаи чунин ихтиёриёни ватандӯст мебошанд.
Наваскарон сухан намуда, омодагӣ ва азму талошашонро барои хизмати содиқона, ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ баён намуданд. Дар ҷамъомад ҳамчунин падару модарон ба наваскарон хизмати шоиста ва роҳи сафед орзу намуданд.
Дар идома ба як зумра масъулони комиссияи даъват ба хизмати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот барои саҳми арзанда дар ташкили даъвати баҳории ҷавонон сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим шуда, ба гурӯҳи даъватшавандагон — хатмкардагони мактаби Ташкилоти мададгори мудофиа шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорони шаҳр бо шеъру сурудҳои ватандӯстона, рақсҳои ҷаззоб анҷомбахши гусели гурӯҳи аввали даъватшавандагон ба хизмати Ватан-Модар буд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент











Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






