Зиёда аз 1,8 ҳазор сокини иёлати Ютаи Амрико пас аз рахна шудани сарбанди кӯл зери хатар қарор доранд

Апрель 12, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Коргарон ба таври таъҷилӣ барои бастани сарбанди кӯл дар деҳоти иёлати Ютаи Амрико, ки аз тарқишҳои азим об ба дарё ҷорӣ шуда, ҳаёти 1800 нафар сокинони хонаҳои поёниро зери хатар гузоштааст, кӯшиш доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба БЕЛТА хабар медиҳад.

Ҷоришавии об дар қисми болоии сарбанд ҳангоми санҷиши охирин ошкор карда шуд. Қабати ях, ки пас аз зимистон дар кӯл боқӣ мондааст, ба сарбанд фишор овард, ки дар натиҷа тарқиш ба вуҷуд омада, об ба поён ҷорӣ шудааст. Наҷотдиҳандагон сангҳои калонро ба ин ҷо меоранд, то деворро мустаҳкам намоянд.

Дар иёлат ба ин хатари рахнашавӣ аз се сатҳи имконпазир сатҳи 2 мансуб дониста шуд, ки эҳтимоли харобшавии пурраро нишон медиҳад. Дар ин ҳолат мақомоти маҳаллӣ бо Салиби Сурх ҳамкорӣ менамоянд, то одамонро ба ҷойҳои бехатар интиқол диҳанд.

 АКС: Unsplash

Апрель 12, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд