35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоишҳо баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 09.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва ширкатҳои мобилӣ ярмаркаи ҷойи кори холӣ ва намоиш-фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Намоишгоҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон доир гардид.
Меҳмонон бо гӯшаҳои намоишии ташкилоти бонкӣ, ширкатҳои мобилӣ ва намоиш-фурӯши ҳунарҳои мардумиву маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Расул», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Зуҳал», ширкати «Яхмоси 33», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Химус», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пешсаф», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чӯҷаи Байзо», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаровон-1», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ-Хуҷанд» шинос шуданд.
Иброз гардид, ки ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат аз масъалаҳои меҳварии давлату Ҳукумат маҳсуб шуда, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт якчанд барномаҳои давлатӣ қабул шуда, амалӣ мегарданд.
Вобаста ба ин масъалаи муҳиму афзалиятнок имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои зиёд ба сомон расонида мешаванд, ки ҳадафи асосии онҳо мусоидат барои бо кори доимӣ таъмин гардидани хатмкунандагон, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад. Раёсати Донишгоҳ бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагон бо 200 корхонаву ташкилот шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Дар ярмарка аз ҷониби беш аз сад корхонаву ташкилот зиёда аз 1578 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа 65 нафар соҳиби роҳхат шуд. Музди маоши пешниҳодгардида аз 800 то 3500 сомониро ташкил медиҳад.
Баргузории чунин намоишгоҳ дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола бо ҷалби васеи корхонаву ташкилоти ҳамкор доир карда мешавад.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






