ҲАФТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ бо иқдоми «Амонатбонк» ҳамоиши омӯзишӣ доир гардид

Май 1, 2024 18:41

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо иштироки занони фаъол, ҳунармандон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ташаббуси Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи чунин ҳамоишҳо дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ мебошад.

Дар ҳамоиш мутахассисони «Амонатбонк» оид ба тарзу усули истифодаи «Замимаи барномаи мобилии «Амонат-мобайл» ва «Кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои пардохтҳои ғайринақдӣ» рӯнамо манзур намуданд. Онҳо ба иштирокдорони ҳамоиш оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии «Амонат-мобайл», ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз ва намуди пасандозҳои бонкӣ маълумот пешниҳод карданд.

Дар идома байни иштирокдорони ҳамоиш ва масъулини «Амонатбонк» вобаста ба хизматрасонии бонкӣ саволу ҷавоб доир шуд.

АКС: «Амонатбонк»

Май 1, 2024 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст