Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳамкориро бо ТРАСЕКА густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди авиатсияи гражданӣ ва густариши ҳамкории мақомоти марбутаи авиатсионии Тоҷикистон бо Комиссияи байниҳукуматии долони нақлиётии Аврупо – Қафқоз – Осиё (ТРАСЕКА) дар мулоқоти директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо котиби генералии Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии долони нақлиётии Аврупо – Қафқоз – Осиё (ТРАСЕКА) Асет Асавбаев дар Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авитсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Асет Асавбаев доир ба фаъолияти ТРАСЕКА ва ҳамкории он бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ибрози назар намуд.
Роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ доир ба дурнамои соҳа, хусусан зиёд намудани хатсайрҳои нави ҳавоӣ сухан намуд. Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои иштироки мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ дар даврҳои омӯзишӣ, конфронсҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисону кормандони соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ намуданд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






