Ҳама роҳҳо ба сӯи «Анор» мебаранд

Май 23, 2024 11:47

ДУШАНБЕ, 23.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамагӣ дар як сол оператори ҷавони мобилии “Анор” тавонист мақоми устуворро соҳиб шуда, сазовори эҳтироми муштариён гардад. Хизматрасонии ширкат дар тамоми мамлакат дастрас аст: дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Мо дар байни ҷомеа пурсиш гузаронида, сабаби маъруф гардидани ин ширкатро дар чунин муддати кӯтоҳ муайян намудем.  

Умар Исмоилов, фурӯшандаи либоси мардона:

— Ман дар гурӯҳҳо молҳоямро мегузорам, интернети мобилиро зиёд истифода мебарам. Тарофаҳои “Анор” мувофиқ ва аз ҷиҳати нархҳо дастрас мебошанд, барои ман ин хеле хуб аст. Бо 50 сомонӣ ман зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака ва интернети бемаҳдуди шабона дастрас мекунам. Инчунин хеле писанд аст, ки рақамро ман худ интихоб карда метавонаму дар баробари ин хизматрасонии бурдарасонии SIM-кортҳо дар Душанбе мавҷуд мебошад.

Зарина Комилова, сокини Хуҷанд:

— SIM-корти “Анор”-ро ҳамон вақте дастрас кардам, ки дар вилояти Суғд иқдом ҷараён дошт: ним сол метавонистам барои тарофа ҳамагӣ 25 сомонӣ маблағ пардохт намоям. Бастаи хизматрасониҳо васеъ аст, шахсан барои ман кифоя мебошад. Ҳоло иқдом ба поён расидааст, лекин нархи тарофаи ман ба ҳар ҳол хеле хуб аст. Ба роҳат истифода мебарам!

Маҳмад Ҷабборов, ронандаи таксӣ:

— Ман ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунам, ин маънои онро дорад, ки ман ҳамеша бояд дар алоқа бошам. “Анор” чунин имкониятро фароҳам меорад, дар тарофаи ман – “Диёр 50” зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака ва 600 дақиқа барои зангҳои дигар пешбинӣ шудаанд. Вақте ман қарор кардам, ки муштарии ширкат мешавам, бароям ин аз ҳама муҳим буд. Инчунин мехостам алоқаи устуворро дар тамоми Тоҷикистон иброз намоям, ин шабака дар вақти сафарҳо маро боре нороҳат накарда буд.

Ҷамшед Пиров, донишҷӯ:

— Ба ман интернет, аниқтараш интернети арзон ҳамеша зарур аст. Вақте дар бораи оператори нав огоҳӣ пайдо кардам, дарҳол аз паи пайдо кардани маълумот дар бораи нархҳо ва таркиби тарофаҳояш шудам. “Диёр 40”-ро интихоб кардам, ки дар он 6 000 Мб интернет ва белимити шабона пешбинӣ шудааст. Омодашавӣ ба дарсҳо ниҳоят осон гардид.

Ситора Сафарова, сокини Душанбе:

— Тарзи хизматрасонии муштариён бароям писанд омад. Дастраскунанда SIM-кортро хеле зуд оварда расонид, дар Душанбе идораҳое ҳастанд, ки ҳамеша омода ҳастанд дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳо кумак расонанд, ҳол он ки ман он қадар мушкилие надорам. Бо боварии том тавсия медиҳам!

Май 23, 2024 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад