Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон бо Узбекистон ва Қатар баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми занони Осиё-2024 дар шаҳри Самарқанд мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Нуриддин Исмоилов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Мавсума Муинӣ ба ислоҳоти муассире, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Узбекистон барои баланд бардоштани фаъолнокии ҷамъиятиву сиёсии занон, густариши иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ, фароҳам овардани ҳуқуқу имконияти баробари онҳо амалӣ карда мешавад, баҳои баланд дод.
Иброз гардид, ки мулоқоти имрӯза ба густариши бештари ҳамкории байнипарлумонӣ имконият медиҳад.
Бо таваҷҷуҳ ба равобити Тоҷикистон ва Узбекистон таъкид карда шуд, ки ба шарофати эътимоди мутақобила ва иродаи қавии сиёсии сарони ду давлат ҳамкории дуҷониба густариш меёбад.
Тазаккур дода шуд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи боварибахш рушд карда, ҳукумат ва мардумони ду давлат аз таҳкиму тавсеаи ин робитаҳо қаноатманд мебошанд.
Дар мулоқот ҳамчунин Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бибиосия Аюбӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Рахмонзода иштирок намуданд.
Мавсума Муинӣ ҳамзамон бо муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайти мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо Давлати Қатар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, зеро робитаҳои парлумонӣ дар фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои тавсеаи равобити ду давлат дар ҳавзаҳои мухталиф нақши муҳим доранд.
Дар вохӯрӣ танзими сафарҳои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба давлатҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба баҳри таҳкими бештари ҳамкорӣ зарур шуморида шуд.
Иброз гардид, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ метавонанд ҳамчун омили тақвиятгари дӯстиву ҳамкорӣ байни ду давлат хизмат намоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






