Ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Донишгоҳи нассоҷии Ухан тақвият меёбад

Май 6, 2024 18:08

ДУШАНБЕ, 06.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баҳри тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ бо намояндагони Донишгоҳи нассоҷии Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода ба меҳмонон дастовардҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро аз замони таъсис то имрӯз муаррифӣ намуд. Маълум гардид, ки Донишгоҳи нассоҷии Ухан яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи саноати сабук мебошад.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи нассоҷии Ухан дар бахши мубодилаи донишҷӯён, ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб намудани омӯзгорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, инчунин рушди таҳқиқоти илмию амалии муштарак байни донишгоҳҳо муҳокима шуда, тарафҳо барои ба имзо расонидани созишномаҳои дуҷониба ба мувофиқа расиданд.

Тасмим гирифта шуд, ки рӯзҳои наздик дар заминаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои кормандони соҳаи саноати нассоҷии мамлакат ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ машғулияти омӯзишӣ баргузор шавад.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Май 6, 2024 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид