Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25 электромотороллер дастрас намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Ин тадбир бо мақсади амалӣ намудани корҳои ободонӣ дар мамлакат тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён гардида буданд, андешида шудааст.
25 электромотороллер дар доираи лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳафзаи баҳри Арал» дастрас гардида, ба сари вақт тоза намудани партовгоҳҳои муваққатӣ аз партовҳо ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳои аҳолинишин мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






