Ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва дохил шудан мехоҳед? Ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоед

Май 4, 2024 10:08

ДУШАНБЕ, 04.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» аз рӯйи зинаи магистратура ҳуҷҷати довталабонро барои қабул шудан ба «Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО)»-и Федератсияи Русия оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар доданд.

Барои довталабоне, ки дар Федератсияи Русия дар «Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО)» барои соли таҳсили 2024-2025 таҳсил кардан мехоҳанд, интихоби ихтисос озод буда, танҳо таҳсили ройгон пешниҳод гардида, дигар хароҷот аз ҳисоби довталабон амалӣ мегардад.

Қабули ҳуҷҷатҳо ба донишгоҳи МГИМО то 6 майи 2024 идома меёбад.

Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода – 47) муроҷиат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 4, 2024 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд