Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил карда мешавад, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳ.
Зимнан гуфта шуд, ки дар ҳама давру замон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ин оилаи солим ба ҳисоб меравад. Инсон аз рӯзи аввали ба дунё омаданаш дар ин мактаби бузурги ҳаёт тарбия ёфта, ин тарбияи хонаводагӣ заминаи асосии бавуҷудоии таълим ҳисобида мешавад.
«Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пойдории оила ва ҳамчун рукни пойдории давлат эътироф шудани он як зумра санаду қонунҳои дахлдор ба тасвиб расидааст», — тазаккур дода шуд дар ҳамоиш.
Иброз гардид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2015 дар ҷумҳурӣ – Соли оила эълон гардид. Дар натиҷаи таълиму тарбияи оилавӣ инсон ба ватану модар ва дигар арзишҳои миллӣ ошнои пайдо карда, бо ин муқаддасоти ба инсоният азиз унс гирифта, хишти аввалини меҳру муҳаббатро нисбат ба модару ватани хеш аз инҷо мегузорад. Барои ҳамин ҳам оиларо бузургону ҷомеашиносон пойдевори асосии давлатдорӣ мешуморанд.
Таъкид гардид, ки пойдорӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ва солимию бурдбориҳо аз оила оғоз мегирад. Пас месазад, ки ҳарчи бештар дар мустаҳкаму обод гардидани оилаҳо саҳмгузор бошем. Зеро ҷомеаи солиму давлати обод аз ваҳдати миёни оилаҳо сарчашма мегирад. Бино бар ин ҳам давлати Тоҷикистон ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони фарзона ва оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд. Барои он ки зан модар дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату ташаббусҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо хоҳанд гузошт.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






