Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Ленинград санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 27.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Дилшод Раҳмон 24 май дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия зимни иштирок дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Институти идоракунии президентӣ дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» бо ректори Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.С. Пушкин Григорий Двас Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб иттилоъ медиҳад.
Хушбахтона, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар баробари рисолати оинномавӣ ба яке аз минбарҳои васеъ ва мусоиди муколамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои Иттиҳод табдил ёфта, зимни чорабиниҳои илмӣ ва нақшавии он байни муассисаҳои таълимии кишварҳо санадҳои гуногуни ҳамкорӣ ба тасвиб мерасанд.
Дар маросими тасвиби Ёддошти тафоҳум инчунин муовини Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Абдухалил Ғафурзода иштирок намуд.
Меҳмонон бо шароити таҳсил, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва марказҳои таълимию илмии Донишгоҳи давлатии Ленинград шинос шуда, дар бораи ин муассисаи таълимии бонуфуз маълумоти муфассал гирифтанд.
Бояд гуфт, ки давоми ду соли охир дар доираи тақвият ва густариши ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо 16 муассисаи таълимии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкории судманд ва боровари илмию таълимӣ ва методологӣ амалӣ гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ









Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






