Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд

Май 2, 2024 14:50

ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Бар асари бориши шадид дар иёлати Рио-Гранди-ду-Сул, воқеъ дар ҷануби Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба маълумоти ҳукумати минтақавӣ хабар додааст.

Обу ҳавои номусоид ба 77 музофоти иёлат зарар расонида, боиси тахлия шудани сад нафар гардид. Дусад нафар дар манзили муваққатӣ боқӣ мондаанд.

Бо назардошти пешгӯии бад шудани вазъи ҳаво хатар ҳамоно боқӣ мемонад.

Охири моҳи март боронҳои шадид дар ҷанубу шарқи Бразилия сабаби ҳалокати 25 нафар дар иёлатҳои Рио-де-Жанейро ва Эспириту-Санту гардиданд.

Ҷануб ва ҷанубу шарқи Бразилия баъд аз гармои шадид ҳоло аз ҳавои сард азият мекашанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 2, 2024 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд