«БЕҲТАРИН РОЛИКИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмун оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 17.05.3024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмуни «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе»-ро дар соли 2024 эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун аз рӯи 2 номинатсия: номинатсияи шахсони ҳуқуқӣ ва номинатсияи шахсони воқеӣ доир карда мешавад.
Иштирокчиёни озмун барои ишғоли ҷойи аввал соҳиби 5 000 сомонӣ, ҷойи дуюм – 3 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм – 2000 сомонӣ мешаванд.
Маълумоти бештарро доир ба озмун хоҳишмандон метавонанд аз саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сомонаҳои иҷтимоӣ: Фейсбук: Dushanbe-travel, Инстаграм: dushanbe.travel ва Телеграм: Dushanbe.travel дастрас намоянд.
Муҳлати охири қабули роликҳо то 10 июни соли 2024 мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид






