Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар вазъи обхезиҳо дар Қазоқистон дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд. Дар ин хусус зимни брифинг намояндаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Аскар Шарип хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
«Дар ҷумҳурӣ аз 7 089 хонаи истиқоматии хусусӣ ва 2 834 ҳавлӣ об бартараф карда шудааст. 39 352 нафар ба манзилҳои худ баргашта, дар нуқтаҳои бехавф 6552 нафар боқӣ мондаанд», — иброз намуд ӯ.
Хадамоти ҳифзи шаҳрвандӣ, ихтиёриён ва созмонҳои ҷалбшуда корҳои бартарафсозии обхезӣ ва расонидани кумак ба аҳолиро дар вилоятҳои Атирау, Актюбинск, Қазоқистони Ғарбӣ ва Қазоқистони Шимолӣ идома медиҳанд. Дар вилояти Атирау қад-қади 41 нуқтаи аҳолинишин иншооти муҳофизатӣ сохта шуданд. Дар давраи обхезӣ дар ин минтақа ба андозаи зиёда аз 500 километр иншооти муҳофизатӣ сохта шуд. Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода сатҳи оби дарёи Жайик (Урал)-ро ҳар соат назорат мекунанд.
Дар маҷмуъ ба корҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ ва рафъи обхезӣ беш аз 17 ҳазор нафар, 2 ҳазор техника ва 7 ҳавопаймо ҷалб шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






