Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуб ва доғи рӯз буда, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ ва муқобилияти дастҷамъонаро талаб менамояд. Ин нуктаро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар ҷамъомаде, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир бар зидди ин амали номатлуб бо иштироки масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ доир гардид, иброз намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷамъомад таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», татбиқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ва «Нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2024» баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат паст кардани шиддати коррупсия буда, мубориза бо амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва коҳиш додани хатари коррупсия дар ҷомеа аз шаҳрвандон масъулияти зиёд талаб менамояд.
Дар самти иҷрои муқаррароти ин методология аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам кор бурда мешавад. Аз ҷумла, бо мақсади пурзӯр намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми бонкӣ ва танзими муносибатҳои соҳаи бонкӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳияву такмил ёфта, тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Методология аз ҷониби кормандон пайваста мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дошта, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар самти баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ минбаъд низ ба таври муассир ба роҳ монда мешаванд.
Иштирокдорон оид ба хавфҳои коррупсия, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дарки зарару оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти нангин, хавфи рух додани чунин ҳолатҳо дар низоми бонкӣ, талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, роҳ надодан ба чунин амалҳо ва вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо мақсади аз байн бурдани омилҳои инсонӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионию ҳуқуқӣ ибрози назар намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид






