Дар Дубай дар мавзуи «Ҷашни Наврӯз ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ» конфронси илмӣ доир шуд

Май 13, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай дар мавзуи «Ҷашни Наврӯз ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин консулгарӣ.

Тавре иттилоъ дода шуд,  дар  Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай роҳбарият, кормандони консулгарӣ ва меҳмонон ин ҷашни байналмилалиро бо барномаи рангину савту навои дилнавоз ва намоиши анъанаҳои наврӯзӣ таҷлил намуданд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Диловар Баҳромзода иброз дошт, ки ойину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфта шуда, ба рукни фарҳангии онҳо табдил ёфтаанд. Имрӯз он ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Зимни маҳфили идона аз ҷониби раёсати сафорат ва кормандони консулгарӣ дар саҳни меҳмонхона равзаҳои махсус оид ба таърихи Наврӯз барномаи фарҳангӣ  , таому бозиҳои миллӣ ва дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ манзури ҳозирин гардонида шуданд.

АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай

Май 13, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд