Дар Душанбе ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ оид ба омори меҳнат оғоз гардид

Май 29, 2024 16:29

ДУШАНБЕ, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Инкишофи омори меҳнат бо назардошти қарорҳои Конференсияи 21-уми байналмилалии омори меҳнат» ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ оид ба омори меҳнат оғоз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба пайгирии навгониҳои илмӣ дар раванди гузариш ба стандартҳои нави омори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва таъсири он ба ҷараёнҳои муҳоҷират, мақом дар шуғл ва андозагирии даромад аз шуғл ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи меҳнат ва шуғлнокии аҳолӣ баррасӣ мегарданд.

Ҳамчунин дар кори он тамоюли рушди кунунӣ ва минбаъдаи омори меҳнат дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, татбиқи стандартҳои дар сатҳи байналмилалӣ муқарраргардидаи омори меҳнат, муқоисапазирии маълумоти оморӣ, ҳамгироии низоми миллии хадамоти омори давлатҳои минтақа ба низоми байналмилалӣ, муайяннамоии самтҳои афзалиятноки рушди омори меҳнат ва дигар ҷанбаҳои мубрами омори меҳнат мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷаласа роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони воломақоми Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кормандони илмии самти соҳаи меҳнат ва коршиносони байналмилалӣ иштирок доранд.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2024 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд