Дар Душанбе масъалаи истифодаи технологияҳои муосир баррасӣ гардид

Май 23, 2024 09:14

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони имрӯза зарурати бештари омўзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ барои ҷавонон пеш омадааст ва онро бояд ба насли наврас тарғиб намоем. Зеро ояндаи миллат, пешрафту шукуфоии он аз ҷавонони қобилиятноку соҳибистеъдод вобастагии бузург дорад. Ин матлаб 22 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни баргузории конференсияи илмӣ — амалӣ дар мавзуи «Истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзию техникӣ» бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд.

Ҳамчунин иброз шуд, ки тибқи Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 дар бораи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва тавсеаи тафаккури техникии донишҷўён, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чораҳои зарурӣ дида шуда, тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат баҳри рушди ин фанҳо фаъолият доранд.

Дар ҷараёни конференсия иштирокдорон тараққиёт ва инкишофи рӯзафзуни техника ва технологияро дар ҷаҳони муосир ба бештар шудани ниёзмандиҳои башарият баҳри омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ рабт доданд. Таъкид гардид, ки ин водор  менамояд барои фароҳам овардани шароит ва омӯзиши улуми табиатшиносӣ ва риёзӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

 АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Май 23, 2024 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид