Дар Хуҷанд оид ба нақши Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии миллии ҷавонон конференсия доир шуд

Май 9, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 09.05.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Нақши созандаи Пешвои миллат дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. ​ Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Иброз гардид,  ки ҳамоиш ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида шудааст.

Таъкид шуд, ки саҳифаҳои таърихи башар дар баробари ҳодисаву воқеаҳои гуногун аз корҳои нек ва хизматҳои мондагори нафароне ҳикоят мекунанд, ки зиндагӣ ва гуфтору кирдорашон ба сарнавишти миллионҳо одамон таъсир гузоштааст.

Дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, бо талошу кӯшишҳои Сарвари давлат Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ раҳо ёфт ва ба давлати орому осуда ва рӯ ба рушд табдил ёфт. Мардуми мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат бо​ мақсаду ниятҳои олӣ ба хотири​ бунёди ҷомеаи демократӣ, озоду дунявӣ, расидан ба рӯзгори боз ҳам зебову пурсаодат кору зиндагӣ мекунанд. Давоми  ин солҳо Тоҷикистон бо суръати баланд рушду нумуъ ёфт, ободу зебо гардид, ба яке аз давлатҳои пешрафта ва дорои захираю имконияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ табдил шуд ва дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд.

Ба эътирофи тамоми мардуми мамлакат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кору амал, талошҳо ва ҷоннисориҳо барои шаҳрвандон беҳтарин ва ноёбтарин неъмат-сулҳу субот ва Ваҳдати комилро фароҳам оварданд, ки сарчашмаи тамоми музаффарияти мо дар сиёсати давлатдорӣ ва асоси воқеии хушбахтиҳои халқи тоҷик аст.

Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки «ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад».

Гуфта шуд, ки ҳадафи Сарвари давлат аз сарпарастӣ намудани озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», эълони ҷоизаҳои махсус дар риштаи илмҳои дақиқ ва олимпиадаву озмунҳои гуногуни сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон ва тақвияти завқи зебоипарастии онҳо​ мебошад.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонони мамлакат дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллат мебошанд, омода буда, манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.

АКС: Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Май 9, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд