Дар мусобиқаи минтақавӣ дастаи футзали Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон соҳиби медали нуқра шуд

Май 15, 2024 12:06

ДУШАНБЕ, 14.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12-13 май дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мусобиқаи минтақавӣ оид ба футзал барои дарёфти «Ҷоизаи Шурои  иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа  чаҳор даста аз давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок доштанд.

Дар натиҷаи бозиҳои давравӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон бо ду ғалаба ба финали мусобиқа баромаданд. Дар натиҷа дастаи футзали Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон бар дастаи  футзали Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада, сазовори медали тилло гардид.

Ҳамин тавр, медали нуқраи мусобиқаро дастаи Тоҷикистон соҳиб шуда, дастаи Қазоқистон ҷои сеюм ва Қирғизистон ҷои чорумро ишғол намуданд.

Ба ғолибон Ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

 АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Май 15, 2024 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд