Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд

Май 16, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии «Сиёма Молл» ва Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и ноҳияи Фирдавсӣ маҷлиси муассисон барои таъсиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Маҷлисҳои муассисон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардида, ба нафароне, ки ба сафи ҳизб пайваст шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардиданд. Ташкилоти ҳизбӣ дар Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии «Сиёма Молл» «Маркази фароғатӣ» номгузорӣ шуда, роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуд.

Инчунин дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ҳизбӣ «Маърифат ва истеъдод» номгузорӣ шуда, роҳбарияти он низ интихоб гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба заминаҳои ташаккули аҳзоби сиёсӣ дар мамлакат, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули иродаи сиёсии ҷомеа, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз 9 марти имсол, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва арзишҳои оиладорӣ ибрози андеша намуд.

Бояд гуфт, ки аз моҳи январ то инҷониб дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, ташкилоти ҳизбии «Неруи сабз», «Дармонбахш», «Арвис», «Маркази фароғатӣ» аз бахши соҳибкорию саноатӣ мебошанд.

Таъсиси ташкилоти ибтидоӣ дар меҳвари фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ қарор дошта, барои татбиқи барномаҳои ҳизбӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандон ба ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ёдовар мешавем, ки имсол ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сӣ сол пур мешавад.

Дар робита ба ин дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

АКС: Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Май 16, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад