Дар панҷ соли охир дар Тоҷикистон маблағи қарзи ба занону духтарон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил намуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону духтарон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавӣ ҳоло ба рушди иқтисоди мамлакат низ таъсири назаррас мерасонанд. Умуман дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону духтарон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳо далели равшани фаъол будани занону духтарон дар иқтисодиёти мамлакат мебошанд. Дар ин хусус 29 май зимни баргузории конфронси илмӣ–амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои рушди соҳибкории занон: вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» иттилоъ дода шуд.
Тавре дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии вазъи кунуни тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон, дастрасии онҳо аз имтиёзҳою грантҳо ва захираҳои қарзию молиявӣ, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар ин самт ва дар ин замина пешниҳоду тавсияҳо барои рушди соҳибкории занон дар шароити имрӯза аст.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки дар баробари чорабиниҳои гуногуни тавонбахшии рушди иқтисоди мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Амалисозии ислоҳот тавассути ба роҳ мондани тадбирҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди имтиёзҳо ба шаклҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ, баланд бардоштани имконияти сармоягузорӣ ба мамлакат, баланд бардоштани шафофият дар санҷиши фаъолияти иқтисодии корхонаю шаҳрвандон, мукаммалгардонии низоми ҷалби сармоя барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, баландбардории малакаҳои касбӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва ғайра татбиқ мегардад.
Гуфта шуд, ки дастгирии рушди соҳибкориро Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 барои таъмини рушди иқтисоди мамлакат хеле муҳим арзёбӣ карда, чунин таъкид намуданд: «Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва барои фароҳам овардани шароити мусоид бобати пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд».
Хайриддин Усмонзода таъкид намуд, ки татбиқи чунин амалҳо солҳои охир имконияти таъмини бозори истеъмолию хизматрасонӣ, афзудани иқтидори содиротии мамлакат, эҷоди ҷойҳои нави кориро васеъ намуд. Дар ин самт нақши соҳибкории занон ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи андешидани тадбирҳои мушаххас шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ пайваста тамоюл ба афзоиш дошта, соли 2023 дар ҷумҳурӣ шумораи соҳибкорон беш аз 356 ҳазор, аз ҷумла занҳои соҳибкор зиёда аз 85 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба панҷсоли қаблӣ аз 5 то ба 10 фоиз зиёд мебошад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъалаҳои таҳлилу баррасинамудаи мутахассисону коршиносон барои ҳалли мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар таъмини рушди соҳибкории занон мусоидат менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд






