Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар чор моҳи соли 2024 нақшаи андоз дар шаҳри Ҳисор дар ҳаҷми 101,8 фоиз ё ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ барзиёд иҷро гардид. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андози ҷумҳурӣ имрӯз дар идораи нозироти шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш таъкид шуд, ки мақомоти андоз ҳамчун ниҳоди пурқуввати молиявӣ дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши муассир дорад. Дар ҳамоиш саҳми кормандони мақомоти андоз дар ғанӣ гардонидани буҷети шаҳр, ки пардохти саривақтии нафақа, музди меҳнати кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он вобаста мебошад, муҳим арзёбӣ гардид.
Дар анҷом барои татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти молияву андоз, таъмини муназзами иҷрои нақшаи андоз дар шаҳри Ҳисор ва ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз як зумра кормандони фаъоли нозироти андоз бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






