Дар шаҳри Кӯлоб мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо ва селпартоҳо идома дорад
КӮЛОБ, 26.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бартарафсозӣ ва пешгирии ҳодисаҳои табиӣ ва амалӣ намудани тадбирҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфноки ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷаласаи комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр бо иштироки намояндагони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва роҳбарияти шаҳр баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Таъкид гардид, ки ҳадафи ҷаласа санҷиши омодагии ҳамаи ташкилоту муассисаҳо баҳри пешгирӣ намудани хавфи офатҳои табиӣ буд. Ҳамчунин масъалаи соҳилмустаҳкамнамоӣ ва дигар тадбирҳои пешгирикунандаи мавзеъҳои хавфнок баррасӣ гардид.
Дар шаҳру ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб давоми ҳафтаи охир вобаста ба мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо ва селпартоҳо бо саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ташкил гардида, бо ҷалби техникаву механизмҳои корӣ ва дигар маводи зарурӣ фаъолият дорад.
Тибқи маълумот, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 32 мавзеъи осебпазир ва 6 мавзеи ниҳоят хавфнок мавҷуд аст. Ҳамзамон гурӯҳҳои кории ташкилгардида дар қитъаҳои муайян фаъолият намуда, хоку гил ва сангу шағали дар натиҷаи бориши борону сел ҷамъшударо аз дохили каналу дарёҳо ва ҷӯйборҳои кӯчаву маҳаллаҳо тавассути техникаҳои пуриқтидори корӣ тоза намуда, хавфи ҳодисаҳои табииро барои давраи оянда аз ин қитъаҳо бартараф доранд.
Ҳоло дар мавзеъҳои хавфноки ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб, аз ҷумла барои тоза намудани маҷрои Девонасой дар маҳаллаи Хати роҳ 5 техника, дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракӣ барои тоза намудани селпарто ва ҷўйборҳои обрав 4 техника, ҳамчунин дар мавзеи дигари ҳудуди ин ҷамоат дар назди пули мошингузари самти Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб барои барқарорсозии пул ва баровардани сангу шағал 8 техника, дар маҳаллаи Суғдиён барои тоза намудани канали Панҷосиёби боло тариқи ҳашарҳои дастҷамъона 3 техника, дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, дар деҳаи Лағмон-2 барои дар дарёчаи Кўлоб гузоштани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва ба роҳ мондани корҳои заминӣ дар ин мавзеъ 6 техника ҷалб гардида, дар ин самт корҳои муайяншуда бо сифати баланд идома доранд.
Натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба сокинон аст, ки имрўз тамоми имконот ва иқтидори зарурӣ ба рафъи хатари ҳодисаҳои табиӣ ва таъмини осоиштагии мардум равона гардида, дар мавзеъҳои хавфнок корҳои соҳилмустаҳкамнамоӣ ва бартарафсозӣ бо маром идома доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






