Дар Тоҷикистон ҳамкорӣ дар самти таъмини амнияти ҳастаӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия Конфронси байналмилалии амнияти ҳастаӣ (ICONS-2024), ки аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ташкил гардидааст, идома дорад. Дар кори конфронс, ки 20 май оғоз гардид, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода иштирок дорад.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Олимҷон Азизов хабар дод.
Фаррух Шарифзода дар хусуси сатҳи таъмини амнияти ҳастаӣ дар мамлакат, иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт, инчунин ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд маълумоти муфассал дод.
Дар бахши дигари конфронс директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода иштирок намуда, аз талошҳои густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими амнияти ҳастаӣ, аз ҷумла арзёбии ҳамаҷонибаи эҳтиёҷоти миллӣ, ҷалби ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ва таҷдиди зерсохтор дар заминаи қонунгузорӣ ёдовар гардид. Инчунин доир ба насби таҷҳизоти пешрафтаи муайянкунандаи гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва нақши ҳамкории судманди байналмилалӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.


Гуфта шуд, ки таъсиси Маркази минтақавии таълимӣ ва омӯзишии Тоҷикистон баҳри омода намудани мутахассисон дар самти амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ аз иқдоми муҳиме мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини инфрасохтори мустаҳками амнияти ҳастаӣ ва эҷоди тавонмандӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Конфронси байналмилалии амнияти ҳастаӣ бо иштироки намояндагони беш аз 178 давлати аъзои Агентии байналмилалии неруи атомӣ то 24 май идома ёфта, иштирокдорон заминаи рушди истифодаи осоиштаи энергияи ҳастаӣ ва таҳкими амнияти ҷисмонӣ дар иншооти ҳастаиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
АКС: Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд






