Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад

Май 4, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар наздикии мактаби миёнаи Вашингтон (ИМА) тирпаронӣ ба амал омада, хонандаи 17-сола дар беморхона бистарӣ шуд. Тавре АМИТ «Ховар»  бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус идораи полиси маҳаллӣ дар X (қаблан Twitter) хабар додааст.

«Тибқи маълумоти пешакӣ, тир ба бинои мактаб расида, ба хонанда таъсир расонидааст. Ӯ ҷароҳатҳои сабук бардоштааст», — гуфта мешавад дар иттилоия. Полис таъкид намудааст, ки дар дохили бинои мактаб таҳдиди мустақим ба амният вуҷуд надорад.

Тавре корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нишасти матбуотӣ хабар дод, шоҳидон якчанд маротиба садои тирро шунидаанд. Ба гумони посбонони тартибот, сухан дар бораи тирпаронӣ байни якчанд нафар меравад. Полис ҳодисаро тафтиш мекунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 4, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд