Дар вилояти Хатлон корхонаҳои саноатии коркарди пӯсту пашм бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти масъулияти маҳдуди Ширкати технология ва савдои саноати кишоварзии «Фусин Синйида»-и Ҷумҳурии Мардуми Чин дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои саноатии коркарди пӯсту пашм ва гармхонаҳо бунёд менамояд. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Соли 2023 дар вилояти Хатлон 1 140 333 дона пӯсти чорвои калон ва майдаи шохдор ва 5970 тонна пашм истеҳсол гардид, ки аз он ҳамагӣ 4250 дона пӯст (0,4%) ва 70 тонна пашм (1,2%) коркард шудаасту халос.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо роҳбари Ширкати технология ва савдои саноати кишоварзии «Фусин Синйида» Гао Джонг Тао иброз намуд, ки дар сурати аз ҷониби ин ҷамъият бунёд шудани корхонаҳои саноатӣ метавон ба онҳо маҳсулоти хом пешниҳод намуд.
Гао Джонг Тао ба Давлаталӣ Саид иттилоъ дод, ки аввали моҳи июн таҷҳизоти навтарин ба вилоят ворид шуда, сохтмони корхона ва гармхонаҳо шуруъ мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Могилёви Беларус Харитаи роҳ оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид
Маркази илмии саратоншиносии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти ташхисии соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад
Дар Бадахшон беш аз 1 тонна молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлатгузашта нобуд карда шуд
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Вашингтон дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ иштирок намуд
АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия мебошад
Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад






