Дар вилояти Хатлон масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 май зимни мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Вазири кишоварзӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Русия Анна Кузнетсова масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба вилояти Свердловск баррасӣ шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Давлаталӣ Саид дар ҷараёни вохӯрӣ иброз намуд, ки вилояти Хатлон дорои иқлими мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ аст. Деҳқонони соҳибтаҷрибаи вилоят дар баробари таъмини талаботи бозори истеъмолии мамлакат ҳамзамон ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногунро ба дигар давлатҳо содирот менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола дар вилоят зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ, ангур ва зироати полезӣ истеҳсол карда мешавад, ки як қисми ин маҳсулот ба хориҷи мамлакат содирот мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






