Даъвати баҳорӣ ба Артиши миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, бунёди заминаи хуби моддиву таълимӣ дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ва фароҳам овардани шароити ҳаматарафаи хизмативу майишӣ боис гаштааст, ки бештари шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои нақшаи даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати аскариро пеш аз муҳлат таъмин намоянд. Тавре дар маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ, фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ аз омилҳои муташаккилона идома ёфтани даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Ҷавонони саодатманд дар фазои сулҳу субот ва муҳити орому осоишта имкон доранд, ки дар Ватани худ хизмати пуршарафро адо намоянд.
Бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Мояи ифтихор аст, ки чанд соли охир Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иҷрои нақшаро пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад.
Шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Роғун аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аллакай гузориш дода, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба 74 фоиз баробар мебошад.
Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи даъват дар вилояти Хатлон аст, ки ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳрҳои Нораку Левакант даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расониданд. Иҷрои нақша дар ин вилоят 86 фоизро дар бар мегирад.
Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд давоми моҳи апрел 55 фоизи нақшаи даъвату гусели ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба итмом расонидаанд.
Ба ҳамин тартиб дар муддати як моҳ иҷрои нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 51 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар чаҳор навоҳии пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд.
Бо сипарӣ гардидани як моҳ аз ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аллакай иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ зиёда аз 70 фоизро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел то охири моҳи майи имсол дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона идома меёбанд.
АКС: Вазорати мудофиаи Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст






