«ДУРНАМОИ РУШДИ МУСИҚИИ СУННАТИИ ХАЛҚҲОИ ШАРҚИ НАЗДИК ВА МИЁНА ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ». Таҳти чунин унвон фестивал-симпозиум доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи шашмақом Фестивал-симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Дурнамои рушдии мусиқии суннатии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшиноси давлатҳои Тоҷикистон, Озорбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Тавре Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода зимни суханронӣ изҳор намуд, масъалаҳое, ки дар Фестивал-симпозиум мавриди баррасӣ қарор мегиранд, бисёр муҳим ва саривақӣ мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, мероси мусиқии суннатии тоҷик шашмақом чун асари мусиқии шаклан мураккаб дар тули асрҳо ташаккул ва рушд ёфта, вале маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусиқии касбии шашмақом ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гашт.
Таъкид карда шуд, ки баргузории Фестивал-симпозиум робитаи фарҳангии халқҳоро таҳким бахшида, ба рушди ҳамкории эчодӣ мусоидат менамояд.
Иброз гардид, ки шашмақом ганҷинаи бебаҳои миллати мо буда, шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳар нафаре, ки ба ин шоҳасар рӯй меорад, барои худ дунёи пур аз маърифату маънӣ касб мекунад. Шашмақом нутқи ҳунармандро бурро намуда, маънавиёти ӯро бою ғанӣ мегардонад.
Гуфта шуд, ки шашмақом таърихи даҳ асрро дар бар мегирад. Дар замонҳои қадим шашмақомро танҳо барои шахсони сарватманд иҷро мекарданд ва ин намуди санъатро «фалсафаи оҳангдор» меномиданд. Мусиқии шашмақом ба ҳалли хирадмандонаи масоили душвор мусоидат менамуд.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон ин шоҳкории ниёгон ба феҳристи ЮНЕСКО пешниҳод гардид, ки 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.
Муҳаққиқон изҳор намудаанд, ки шашмақом услуби мураккаб аст. Дар ин навъи санъат ларзиши садопардаҳо ва вазни мураттаб муҳим мебошад. Таҳти навои ин мусиқӣ ҳаракатҳои рақсии муназзам иҷро карда мешаванд. Номи шашмақом аз 6 мақом гирифта шудааст, вале чандин асрҳо пеш аз ин он аз 12 мақом иборат буду тадриҷан ба 6 мақом оварда шуд. Матнҳои шашмақом аз ғазалҳои классикони адабиёти ҷаҳонгири Шарқ иборат мебошанд.
Хамчунин гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду нумуъ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Интизор меравад, ки имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими ифтитоҳи фестивал бо барномаи консертии ҳунармандони тоҷик баргузор гардад.
Инчунин дар ҷараёни Фестивал-симпозиум ташкили дарсҳои маҳорат бо услуби «Устод – шогирд» дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар назар аст.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки 12 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ галаконсерт бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии давлатҳои иштирокчӣ доир мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






